Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - 1 октябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

1 октябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

1 октябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №193 аз 2 апрели соли 2015 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Фаъолияти муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар доир ба масъалаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Парвиз, Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза, масъулини Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони бахшҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа иштирок доштанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои муҳимро дар самти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, алалхусус сабт ва бекор кардани ақди никоҳ, тартиби ба расмият даровардани шаҳодатномаи таваллуд, вафот, фарзандхонӣ, муқаррар намудани падарӣ, тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди асноди ҳолати шаҳрвандӣ  мавриди муҳокима қарор доданд.

Маълумоти муфассал.....

01.10.2015


← предыдущая новость    следующая новость →