Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия

8 апрели соли 2016  дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия музокироти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров доир гардид. Ҷонибҳо ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ дар 24 сол аз санаи муқаррар кардани муносибатҳои дипломатӣ баҳои баланд доданд. Дар фазои анъанавии эътимоду созанда онҳо доираи васеи масоили марбут ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2016 ба имзо расониданд.

Муфассал....


20.05.2016


← предыдущая новость    следующая новость →