Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Дар бинои муассисаи консулии шаҳри Уфа Раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид

Дар бинои муассисаи консулии шаҳри Уфа Раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид

22 майи соли 2016 аз соати 6:00 то соати 20:00 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Раъйпурсии умумхалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Шаҳрвандони Тоҷикистони муқимии ҳавзаи муассисаи консулӣ фаъолона дар Раъйпурсии умумхалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аз ҷумла, донишҷӯёни тоҷик, намояндаҳои доираҳои илму фарҳанг, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар марказҳои тиҷорату савдо ва ширкатҳои сохтмонии ҳавзаи муассисаи консулӣ фаъолият мекунанд, дар ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар ширкат варзида, озодона раъйи худро доданд. Дар байни шаҳрвандони ширкаткунанда дар ин маърака занон низ зиёд ба чашм расид. Бисёре аз раъйдиҳандаҳо дар даст парчами миллӣ доштанд, ки нишондиҳандаи меҳру муҳаббат нисбат ба муқаддасоти милливу давлатӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ баҳри рушду нумӯи минбаъдаи кишвар, мустаҳкамшавии арзишҳои демократӣ ва таъмини амнияту субботи бардавоми ватан дар ин маъракаи тақдирсоз ширкат карданд. Инчунин дар байни раъйдиҳандагон шаҳрвандоне буданд, ки бори аввал дар чунин маърака иштирок карданд.

Ҳамзамон боиси айд аст, ки ба яке аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гафуров Абдулмаҷид Ҳакимович, ки дар оғози чорабинии муҳими сиёси соати 06:00 аз Ҷумҳурии Чувашия аввалин шуда, аз ҳуқуқи раъйдиҳии худ истифода намуд, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Олимхон Шамсов бо мақсади нақш бастани ин воқеаи муҳим дар хотирааш туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд. Ҳамзамон нозирони байналмилалӣ дар ин маърака иштирок карда, ин равандро назорат намуданд.

 

22.05.2016


← предыдущая новость    следующая новость →