Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” ба кор шурӯъ намуд.

Дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” ба кор шурӯъ намуд.

Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” (https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди  электронӣ ба даст оранд.

Низоми раводиди электронӣ “e Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ бо тариқи онлайн гирифтани раводидро имкон медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё нуқтаҳои сарҳадӣ муштариёнро озод менамояд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Мо ҳамзамон, кӯшиш менамоем, ки вақтро сарфа намоем ва машғулияти ҳайати кормандонро барои раванди судури раводид сабуктар намоем.

Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати радд намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки онро ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.

Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро  тарк кунанд. Сомона: www.evisa.tj

О введении системы выдачи электронной визы

1 июня 2016 года в Таджикистане заработал новый портал по выдаче электронных виз «e-Visa»,  (https://www.evisa.tj) дающий возможность иностранным гражданам, въезжающим в страну с туристической или деловой целью, заполнить электронную заявку и получить электронную визу без явки в консульское учреждение Таджикистана за рубежом.

Система электронных виз «e-Visa» позволит иностранцам получать таджикскую визу онлайн, избавив их от необходимости стоять в очередях в таджикских консульствах или на границе. Новая система разработана для того, чтобы облегчить процесс получения визы в Таджикистан иностранными гражданами, увеличить число туристов, посещающих Таджикистан, а также упростить визовые процедуры для бизнесменов. Мы также хотим сберечь время и разгрузить персонал, занятый в процессе выдачи виз.

Заявители получат свою визу посредством электронной почты, после заполнения формы с необходимой информацией и оплаты кредитной картой онлайн. Заявители за рассмотрение анкеты на получение электронных виз должны оплатить 50долларов США посредством международно-признанных электронных сетей за электронную обработку и в случае отказа ходатайства, данная сумма заявителю не возвращается. После оплаты визового сбора и удовлетворения заявления, заявитель на тот же адрес электронной почты получит электронную визу, которую должен предъявить при пересечении государственной границы Таджикистана вместе с действующим проездным документом.

Электронная виза Республики Таджикистан действует в течение 90 дней, но его владелец может находиться на территории республики не более 45 календарных дней. Электронная виза не продлевается и его обладатели должны в указанный срок покинуть пределы республики. Сайт: www.evisa.tj

 

Electronic Visa Application System

On 1st  June 2016 the new portal for issuance of electronic visas “e-Visa”, (https://www.evisa.tj) which enables foreign citizens willing to enter the country with tourist or business visas to complete the electronic application and receive the electronic visa without visiting consulate representatives of Tajikistan abroad, commences its operation.

The electronic visa system «e-Visa» will allow foreign citizens to receive Tajikistan visa online, relieving them from necessity to stand in queues in Tajikistan consulates or at the border. The new system is designed to facilitate the process of obtaining a visa to Tajikistan by foreign citizens, increase the number of tourists visiting Tajikistan, as well as to simplify visa procedures for businessmen. We also want to save time and relieve the personnel involved in the process of issuing visas.  

Applicants will receive their visas via email, after filling the application form with the necessary information and once the online payment by a credit card is completed. Applicants are to pay $ 50 by the internationally recognized electronic networks for the electronic processing, and in case of denial of the application the above mentioned amount is not refunded to the applicant. After paying the visa fee and once the application is successful, the applicant will receive an electronic visa, which is to be presented upon crossing the state border of Tajikistan along with the valid travel document.

Electronic visa of the Republic of Tajikistan is valid for 90 days, however the visa holder can stay in the territory of the country for no more than 45 calendar days.  Electronic visa is not extendable and the visa holder have to leave the country in the specified date.  www.evisa.tj