Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

“Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

Қабули Қатъномаи МУ СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”

солҳои 2018-2028” 


 3 раз


1. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Чӣ тавре ки ба Шумо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. 
Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)
2.Мувофиқи Қатъномаи МУ СММ (ОР4) ҳадафҳои Даҳсола масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:
- рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизистӣ;
- роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;
- тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор;
Ғайр аз ин, Қатънома (ОР5) аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад. 
3. Илова ба ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад:
- такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;
- бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;
- тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.
4. Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли СММ тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии “СММ-Об” ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳо андешад. Дар ин раванд бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири Кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст (https://sustainabledevelopment.un.org/HLPWater), ба назар гирифта шаванд.
Тавре ки шумо огаҳӣ доред, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари узви СММ, узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об мебошад. Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар ба ҳайси Намояндаи махсуси Президент дар назди Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъйин шудааст.
5. Тибқи қатъномаи мазкур баргузории чорабиниҳои муҳими зерин дар назар дошта шудааст:
- Ду муколамаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ дар робита ба мудирияти захираҳои об зери роҳбарии Раиси иҷлоси 71-уми МУ СММ;
- Арзёбии раванди татбиқи Даҳсола дар чорчӯби ҷаласаи 77-уми Маҷмаи умумии СММ. 
Аз аввали соли 2017 корҳои тадорукотӣ барои гузаронидани муколамаҳои кории МУ СММ шурӯъ хоҳанд шуд. Корҳои тадорукотӣ барои баргузории Арзёбии миёнамуддати СММ аз раванди татбиқи Даҳсола тибқи қатъномаи мазкур зимни ҷаласаи 73-юми МУ СММ, яъне тирамоҳи соли 2018, оғоз хоҳанд шуд. 
6. Тавре дар боло зикр кардем, ташаббуси эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардида буд, пешниҳод шуда буд.
Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар тазаккур дода буд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”
Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
7. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015” соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 - 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шуда буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва дар асоси қатъномаҳои МУ СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири МУ СММ баргузор карда шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид чорабиниҳои зерини байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд:
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2010;
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, моҳи августи соли 2013;
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2015.
8. Моҳи июли соли ҷорӣ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид гузоришеро дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 интишор кард (A/71/260). Тибқи гузориши мазкур (банди 40), “Дастовардҳои Даҳсола назаррас будаанд. Дар таърихи СММ Даҳсолаи мазкурро бо назардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард”. 
Гузашта аз ин, дар гузориш таъкид шудааст, ки “Даҳсолаи мазкур барои ҳифзи рушди бемайлон ва роҳандозии фаъолиятҳои минбаъда мусоидат намуда, имконият фароҳам овард, то ба масоили захираҳои об таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир карда шавад” (банди 42). Дар баробари ин, дар гузориш ишора ба он шудааст, ки “... даҳсола норасоӣ ва мушкилотеро, ки боиси суст гардидани пешравиҳо дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об шудаанд, ошкор намудааст. Дар ин самт, ҳоло ҳам мушкилоти зиёд дар мудирияти захираҳои инсонӣ, ниҳодӣ ва молиявӣ ба мушоҳида мерасанд” (банди 44). 
Гузориши Дабири кулл бо зикри нуктаи басо мусбат оид ба Даҳсолаи мазкур хулоса мешавад: “Чӣ тавре таҷрибаи роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 шаҳодат медиҳад, дар сурати татбиқи пайвастаи марҳилаҳои назоратӣ тӯли давраи муайяншуда ба натиҷаҳои назаррас дар сатҳҳои мухталиф ноил шудан мумкин аст. Баъди 10 соли талошҳои мувофиқашуда ҳолати ҷомеаи байналмилалии об дар муқоиса бо соли 2005 ба таври ҷиддӣ ва мусбат тағйир ёфт. Дар пеш корҳо зиёданд, аммо аллакай аён аст, ки бо такя ба Даҳсола метавон ба як қатор пешравиҳо ноил шуд” (банди 48, саҳ. 20).
9. Вазорат/Ҳукумат корҳои тадорукотиро оид ба пешбарии Даҳсолаи нав, ки идомаи даҳсолаи қаблӣ мебошад, ҳанӯз аз соли гузашта оғоз карда буд. Аз ин лиҳоз, соли гузашта як қатор чорабиниҳо ба барномаи Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо СММ баргузор гардида буд (Душанбе, июни соли 2015), ворид карда шуданд. Дар асоси натиҷаҳои Конфронси мазкур пешнависи консепсияи Даҳсолаи нав омода карда шуд, ки он баъдан аз ҷониби коршиносони соҳаи об такмил дода шуд.
Илова бар ин, дар рафти Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки моҳи августи соли равон баргузор гашт, мо таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро бори дигар ба ташаббуси мазкур ҷалб намудем. Ба санади ниҳоии Симпозиум нуктаҳои муҳими марбут ба масъалаҳои об ворид карда шудаанд, ки баъдан дар таҳияи лоиҳаи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ аз онҳо истифода карда шуд.
10. Пешнависи лоиҳаи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028” моҳи сентябри соли 2016 миёни намояндагони доимии кишварҳои узви СММ паҳн карда шуд. Сипас, дар ҳошияи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ машғул аст, аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ як силсила музокироти ғайрирасмӣ бо иштироки коршиносони кишварҳои узви СММ баргузор карда шуданд. Дар рафти музокирот лоиҳаи санади пешниҳодшуда бо дарназардошти фикру пешниҳодоти кишварҳои манфиатдор такмил дода шуд. Ҳамин тавр, раванди музокирот 30 ноябри соли 2016 анҷом ёфта, қатъномаи Кумитаи дуюми МУ СММ зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро қабул гардид (A/C.2/L.12/Rev.1).

 

Принятие резолюции ГА ООН «Международное десятилетие действий «Вода для устойчивого развития»

2018-2028 годы» 

1. 21 декабря 2016 года Генеральная Ассамблея ООН единодушно одобрила резолюцию A/RES/71/222 под названием «Международное десятилетие действий «Вода для устойчивого развития», 2018-2028 годы», спонсорами которой выступили 177 государств-членов ООН. Вам известно, что инициатива о провозглашении Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития» была впервые выдвинута Его Превосходительством г-ном Эмомали Рахмоном, Президентом Республики Таджикистан в ходе 7-го Всемирного Водного Форума в Республике Корея.
В соответствии с данной резолюцией (ОР3) период 2018-2028 годы объявляется Международным десятилетием действий «Вода для устойчивого развития», которое начнется 22 марта 2018 года и завершится 22 марта 2028 года (22 марта – Всемирный день водных ресурсов).
2. Согласно резолюции ГА ООН (ОР 4) цели Десятилетия включают повышенное внимание к:
- устойчивому развитию и комплексному управлению водными ресурсами для достижения социально-экономических и природоохранных целей;
- осуществлению и продвижению соответствующих программ и проектов;
- расширению сотрудничества и партнерства на всех уровнях для содействия реализации согласованных на международном уровне целей и задач, связанных с водными ресурсами, в том числе Целей устойчивого развития. 
Кроме того, резолюция (ОР5) особо подчеркивает важность продвижения эффективного водопользования на всех уровнях с учетом взаимосвзей между водными ресурсами, продовольствием, энергетикой и окружающей средой. 
3. В дополнение к этому резолюция определяет следующее как дополнительные цели Десятилетия: 
- совершенствование механизмов формирования и распространения знаний, облегчения доступа к знаниям и обмена информацией о передовой практике, получение новой информации, относящейся к целям устойчивого развития, связанным с водными ресурсами;
- создание сетей и содействие в формировании партнерства и деятельности других заинтересованных участников в реализации целей и задач, связанных с водными ресурсами;
- укрепление коммуникационной деятельности на различных уровнях в интересах реализации целей, связанных с водными ресурсами.
4. Данная резолюция предлагает Генеральному секретарю ООН предпринять необходимые шаги для планирования и организации деятельности в рамках Десятилетия на глобальном, региональном и страновом уровнях при поддержке межучрежденского механизма «ООН-водные ресурсы». При этом должны быть учтены итоги осуществления Международного десятилетия действий «Вода для жизни, 2005-2015 годы», деятельность Политического форума высокого уровня ООН по устойчивому развитию и работа Панели высокого уровня по воде, учрежденного Генеральным секретарем ООН и Президентом Всемирного Банка (https://sustainabledevelopment.un.org/HLPWater). 
Как вы знаете, Президент Республики Таджикистан наряду с главами других 10 государств-членов ООН, является членом Панели высокого уровня по воде. Первый заместитель министра энергетики и водных ресурсов страны назначен Специальным представителем Президента при Панели высокого уровня по воде.
5. В соответствии с данной резолюцией предусмотрено проведение следующих важных мероприятий:
- Два рабочих диалога под руководством Президента 71-й сессии ГА ООН по обсуждению вопроса о повышении интеграции и координации деятельности ООН, связанной с водными ресурсами;
- Обзор по ходу осуществления Десятилетия в рамках 77-й сессии ГА ООН.
В январе 2018 года начнется подготовительный процесс по проведению рабочих диалогов Генеральной Ассамблеи ООН. Подготовительный процесс к среднесрочному обзору хода осуществления Десятилетия в соответствии с настоящей резолюцией начнется в ходе 73-й сессии ГА ООН, т.е. осенью 2018 года. 
6. Как было выше отмечено, инициатива о провозглашении Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития» была выдвинута впервые Е.П. г-ном Эмомали Рахмоном, Президентом Республики Таджикистан в ходе 7-го Всемирного Водного Форума, который состоялся в апреле прошлого года в Республике Корея. 
Выступая на Водном Форуме Президент страны подчеркнул, что «…современные глобальные вызовы и угрозы, включая финансово-экономические кризисы, рост населения, изменение климата, учащение стихийных гидрометеорологических явлений, нехватка воды и, как результат, возрастающий уровень бедности, рост инфекционных заболеваний, детской и материнской смертности, все еще требуют мобилизации наших усилий и принятия соответствующих мер в этой сфере»
В этой связи Глава государства предложил, чтобы на смену завершающемуся Международному десятилетию действий «Вода для жизни», 2005-2015 годы» было подготовлено новое Десятилетие, которое станет солидной платформой и будет содействовать координации и поощрению всех усилий для решения вопросов и проблем, связанных с водными ресурсами. Кроме того, новое Десятилетие призвано продолжить незавершенное дело Международного десятилетия действий «Вода для жизни, 2005-2015», обогащая его новыми мерами и усилиями по достижению Целей устойчивого развития. 
7. Широко известно, что инициатива о провозглашении Международного десятилетия дествий «Вода для жизни, 2005-2015» была также выдвинута Президентом страны в 2003 году. В том году по инициативе Таджикистана Генеральная Ассамблея ООН одобрила резолюцию, в соответствии с которой период с 2005 по 2015 годов был провозглашен Международным десятилетием действий «Вода для жизни». В последующем в рамках данного десятилетия была также одобрена инициатива Таджикистана о провозглашении 2013 года Международным годом водного сотрудничества. 
В рамках Международного десятилетия действий «Вода для жизни» и в соответствии с резолюциями ГА ООН были проведены три интерактивных диалога Генеральной Ассамблеи в 2010, 2013 и 2015 годах. Кроме того Правительством страны в сотрудничестве с ООН были подготовлены и проведены в городе Душанбе следующие важные мероприятия:
- Среднесрочный всеобъемлющий обзор хода проведения Международного десятилетия действий «Вода для жизни» в июне 2010 года;
- Международная конференция высокого уровня по водному сотрудничеству в августе 2013 года;
- Международная конференции высокого уровня по итогам реализации Международного десятилетия действий «Вода для жизни» в июне 2015 года. 
8.В июле текущего года Генеральный секретарь ООН опубликовал доклад по итогам осуществления Международного десятилетия действий «Вода для жизни», 2005-2015 годы (А/71/260). В соответстви с данным докладом (пункт 40) «Десятилетие было отмечено многими достижениями. Ни один другой десятилетний период в истории ООН не может сравниться с ним по количеству мероприятий и результатов, связанных с водными ресурсами.» Кроме того, в докладе отмечено, что «Десятилетие способствовало сохранению динамики, стимулировало дальнейшую деятельность и позволило привлечь беспрецедентное внимание к проблеме водных ресурсов.» (пункт 42). Наряду с этим, Десятилетие, как отмечается в докладе, «обнажило недостатки и проблемные точки, замедляющие прогресс на пути к достижению целей и задач в отношении водных ресурсов. Сохраняются многочисленные ограничения с точки зрения людских, институциональных и финансовых ресурсов.» (пункт 44). 
Доклад Генерального секретаря завершается на весьма позитивной ноте о прошедшем Десятилетии действий: «Как свидетельствует опыт проведения Международного десятилетия действий «Вода для жизни», 2005-2015 годы, при условии последовательного выполнения контрольных этапов на протяжении определенного периода времени, результаты могут быть достигнуты на многих уровнях. Спустя 10 лет согласованных усилий положение международного водного сообщества в сравнении с ситуацией 2005 года серьезно изменилось и обрело более позитивно выраженную направленность. Впереди еще много работы, однако уже очевидно, сколь многого можно добиться, опираясь на результаты Десятилетия» (пункт 48). 
9. Подготовительную работу по продвижению нового Десятилетия, призванного продолжить дело предыдущего, Министерство/Правительство страны начало заранее, включив ряд дополнительных мероприятий в программу Международной конференции высокого уровня по итогам реализации Международного десятилетия действий «Вода для жизни», проведеного Правительством Таджикистана совместно с ООН в июне 2015 года в городе Душанбе. По итогам обсуждений в рамках данной Конференции была подготовлена первоначальная концепция нового Десятилетия, которая в последующем была усовершенствована с участием экспертов-водников. 
Кроме того, в ходе состоявщегося в августе сего года в городе Душанбе Симпозиума высокого уровня по цели 6 в области устойчивого развития и целевым задачам: «Достижение всеобщего доступа к воде и санитарии» мы смогли привлечь внимание всех участников к данной инициативе. В итоговый документ Симпозиума были включены весьма важные элементы водной проблематики, которые затем были использованы при подготовке проекта новой резолюции Генеральной Ассамблеи ООН.
10. Первоначальный проект резолюции ГА ООН под названием «Международное десятилетие действий «Вода для устойчивого развития», 2018-2028 годы» был распространен среди постоянных представительств стран-членов при ООН в середине сентября 2016 года. Затем в рамках Второго Комитета ГА ООН, который занимается экономическими и финансовыми вопросами, Постпредством Республики Таджикистан при ООН была проведена серия неформальных переговоров с участием экспертов стран-членов ООН. В ходе переговоров представленный проект резолюции был доработан с учетом мнений и предложений всех заинтересованных государств-членов. Переговорный процесс успешно завершился 30 ноября 2016 года принятием консенсусом резолюции Второго Комитета ГА ООН под названием «Международное десятилетие действий “Вода для устойчивого развития”, 2018-2028 годы» (A/C.2/L.12/Rev.1).


 

11.01.2017


← предыдущая новость    следующая новость →