Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Наврӯз бо шаҳомати хосса дар шаҳри Уфа ҷашн гирифта шуд......

Наврӯз бо шаҳомати хосса дар шаҳри Уфа ҷашн гирифта шуд......

Бо ташаббус ва мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсия Россия ва ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфа ба номи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Иди Байналмилалии Наврӯз  санаи 26 марти соли ҷорӣ, дар яке аз толори бошукуҳи шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон ҷамомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили чорабинии мазкур бо иштироки ҳайати баланпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон бо Роҳбарии Муовини Сарвазир - Роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тоҷидинов Илшат Азаматович, Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Галиакбаров Венер Фатихович, Ректори Донишгоҳи нафту техникии шаҳри Уфа Бахтизин Рамил Назифович, Роҳбари шўъбаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Уфа Балтуркович Пиётр Иванович, Муовини аввали Раиси шаҳри Уфа, роҳбарону фаъолони диаспораҳо, донишҷӯён, тоҷирон, муҳољирони мењнатӣ ва тоҷикони муқими кишвари иқомат баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар оѓози чорабинии мазкур бо иқдоми Роҳбари муассисаи консулӣ намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои меҳмонони олиқадр ва иштирокчиён ба намоиш гузошта шуд.

26.03.2017


← предыдущая новость    следующая новость →