Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия

12 сентябри соли 2017 бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ва Маркази фарҳанги милии тоҷикон, “Исмоили Сомонӣ” чорабинии идона, бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони диаспораҳои тоторҳо, бошқирҳо, арманиҳо, туркманҳо, доғистониҳо, украинҳо, инчунин аҳли илму фарҳанг, устодони донишгоҳҳои кишвари иқомат, ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики шаҳри Уфа ширкат фарзиданд.

Ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда корманди масъули Консулгарии генералӣ табрик ва хайрамақдам гуфта, кайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикситон дар даврони истиқлолият, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

12.09.2017


← предыдущая новость    следующая новость →