Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Мулоқоти Президент бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф

Мулоқоти Президент бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф

Мулоқоти Президент бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф

16 октябри соли 2017 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Африка дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин росто ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои комили дуҷониба бо тамоми кишварҳои ин минтақа таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байнидавлатӣ ва тамосҳои корӣ байни мақомоти амниятии ду давлат фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба татбиқи иқдомҳое, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълону татбиқи чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва дарёфти роҳи осоиштаю мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон равона шудаанд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои фарогири таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аср мавриди баррасӣқарор дода шуд.

16.10.2017


← предыдущая новость    следующая новость →