Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон

24 октябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибха Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов иштирокчиёни вохӯриро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ намуд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот, Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи баланди робитаҳои рушдёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иброз намуд.

 

24.10.2017


← предыдущая новость    следующая новость →