Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

20 октябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ, Роҳбари тозатаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ хонум Наталия Германро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, амнияти минтақа ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, инчунин Ҳадафҳои Рушди Устувор мубодилаи афкор намуданд.

 

20.10.2017


← предыдущая новость