Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Таҳияи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.(АКС)

Таҳияи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.(АКС)

Таҳияи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 624 аз 20.02.2009 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии биометрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд саъю кушиш намуда истодааст. Аз моҳи майи соли 2014 то имрӯз бо ташаббуси Роҳбари муассисаи консулӣ Олимхон Шамсов ва кормандони он бо истифода аз таҷҳизоти мобилии маълумотҷамъкунӣ вобаста ба ҷамъоварии маълумотҳо ҷиҳати таҳияи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ва анҷом додани вохурӣ ва сӯҳбатҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикони ҳавзаи консулӣ ба шаҳрҳои Қазон, Перм, Самара, Толятӣ, Улянов, Нижный Новгород, Алметевскии Федератсияи Россия сафарҳои хизматиро анҷом доданд.

Консулгарии генералӣ дар рафти сафарҳои хизматӣ маълумотҳо оиди 1272 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин шаҳру вилоятҳо кор ва зиндагӣ доранд, ҷамъоварӣ гардида 5429 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳияи минбаъдаи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ таъмин намуд.


 


11.02.2016


← предыдущая новость    следующая новость →