Министерство иностранных дел Республики Таджикистан
Генеральное консульство
Республики Таджикистан в Уфе

   
Генеральное консульство - Новости - Вохурии консули генералӣ бо Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон

Вохурии консули генералӣ бо Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон

Боиси қайд аст, ки дар таърихи 3 декабри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон мӯҳтарам Рустем Ҳамидов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Олимхон Шамсовро ба ҳузур пазируфт. Зимни супоридани экзекватураи консулӣ аз љониби Консулии генералӣ О.Шамсов Президенти кишвари иқомат Р.Ҳамитов бо шукуҳу шаҳомати хоса ва меҳру муҳаббати самимонаю дустона пазируфта шуд.

Дар рафти мулоқот Сарвари Ҳукуматии Бошқирдистон муносибатҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус қайд намуда ба як қатор роҳбарони Вазорату мақомотҳо дастур ва супоришҳо дод, то ки ба вохӯриву мулоқотҳои Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа О.Шамсов бо намояндагони ниҳодҳои мухталиф мусоидат намоянд.

03.12.2014


← предыдущая новость    следующая новость →